Муаллимони тоҷик дар ИМА таҷриба андӯхтанд

Август 23, 2011 10:20

Душанбе, 23 август (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш 3 нафар муаллимони забони англисии Тоҷикистон аз ИМА баргаштанд. Онҳо якҷоя бо 20 нафар муаллимони забони англисии кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар тренингҳои махсус иштирок намуда, аз иёлоти Орегон ва шаҳри Вашингтон дидан карданд. Муаллимон дар ҷараёни тренингҳо усулҳои самарабахши таълими забони англисӣ ва фарҳанги Амрикоро омӯхта, вақтҳои фориғашон бо мардуми Амрико сӯҳбат намуданд ва бо таърихи Иёлоти Муттаҳида шинос шуданд.Мувофиқи суханони муаллими забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Парвина Ёқубова, чунин тренингҳо ба вай ва ба ҳамкасбонаш имкон медиҳанд, ки тахассусашонро такмил диҳанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мутахассиси равобит бо аҳли ҷамъияти Маркази маърифатии «Мултикид» Артём Гейвандов иттилоъ дод.

Август 23, 2011 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд