Муаллимони забони англисӣ аз тренинг гузаштанд
Душанбе, 16 август (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Маркази маърифатии «Мултикид» дар шаҳри Душанбе тренинги 11 – ум барои 13 нафар муаллимони забони англисии макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ анҷом ёфт.Дар тренинг, ки аз 1 то 11 август баргузор гардид, муаллимони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Машғулият аз рӯи «Барномаи менторӣ» — и Сафорати ИМА дар ҶТ сурат гирифт. Ин барнома 5 сол боз дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Соли 2010 дар шаҳри Душанбе чунин тренинг низ баргузор шуда буд. Мақсади барномаи мазкур иборат аз дарёфти усулҳои муосири тадриси забони англисӣ ва беҳдошти сифати таълими забони хориҷӣ дар мактабҳо мебошад.Тренинги ҳозираро коршиноси байналмилалӣ оид ба забони англисӣ аз Иёлоти Муттаҳида Кэрол Марш доир намуд. Номбурдаро Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо даъват намудааст. Муаллимон дар ҷараёни тренинг усулҳои нави таълими забони англисиро омӯхта, аз шеваи пешқадами тадрис бисёр ҷиҳатҳои шавқоварро, ки дар чандин мамлакати ҷаҳон мавриди истифода қарор мегиранд, аз худ намуда, дар бораи такмили малакаҳои хаттӣ иттилооти нав ба даст оварданд.Дар ин бора мутахассиси равобит бо аҳли ҷамъияти Маркази маърифатии «Мултикид» Артём Гейвандов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






