Муаррифии гулчини ашъори шоири тавоно
Душанбе, 26 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба истиқболи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии зодрӯзи нобиғаи бузурги адабиёти муосири тоҷик, Мирзо Турсунзода 26 август дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ маросими муаррифии гулчини ашъори Мирзо Турсунзода баргузор гардид. Дар маросим кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, олимону донишмандон, намояндагони сафоратҳои Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва пайвандони шоир ширкат доштанд.Мамадшо Илолов, Раиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ нашри гулчини ашъори шоир Мирзо Турсунзодаро иқдоми наҷиб арзёбӣ намуда гуфт, ки Мирзо Турсунзода ҳамчун ходими намоёни сиёсию давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо ашъори нотакрори худ дар ташаккули адабиёт ва муаррифии миллати тоҷик ба оламиён нақши муассир гузоштааст. Китоб аз ҷониби Муҳаммадҷаъфар Ранҷбар масъули китобхонаи Халилулоҳи Халилӣ дар Душанбе омода ва нашр шудааст.Дар ҷамъомади муаррифии гулчини ашъори Мирзо Турсунзода олимону донишмандони шинохтаи тоҷик Акбар Турсунов, Кароматулло Олимов, Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марям Исоева, кормандони масъули бахши фарҳанги сафорати Афғонистон ва Ҳиндустон Шамсулҳақи Ориёнфар ва Варма роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти вассофи сулҳу дӯстӣ, ашъори нотакрору оламгири Мирзо Турсунзода ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки Мирзо Турсунзода барҳақ шоири миллат буда, ашъори дурандешонаи ӯ барои расидан ба озодии миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ замина гузоштааст.Ашъори безаволи шоир, ки бо забонҳои гуногуни халқу миллатҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидаанд, дӯстиву бародарӣ, сулҳу салоҳ ва ҳамраъйию ҳамдигарфаҳмии на танҳо халқи тоҷик, балки халқҳои ҷаҳонро тараннум менамояд. Маҳз шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода зимни сафарҳои худ ба кишварҳои Осиёю Африқо тоҷику Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, паёми сулҳу дӯстӣ ва садоқату рафоқатро мерасонид. Аз ин ҷост , ки ӯро ҳамчун сафири сулҳ ва пайвандгари ҳавзаи тамаддуни кишварҳои Осиё ном мебаранд. Хизматҳои шоиста ва бузурги Мирзо Турсунзода бо чандин нишону унвонҳои олӣ қадрдонӣ гардиа, нақши шоир дар тарбия ва ба камол расонидани адибони ҷавони тоҷик бузург аст.Фарзанди шоири тоҷик Фирӯза Турсунзода хотироти неки худро дар бораи сафарҳо бо падараш ба кишварҳои хориҷӣ ва муҳити хонаводагӣ баён намуда, ба мураттибони гулчини ашъори падари бузургвораш арзи сипос намуд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






