Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чжоу Юнкан

Август 23, 2011 08:24

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»).- 22 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, нахуст дар мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии Чин, Котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Чжоу Юнкан ва сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва амнияту мудофиа зоҳир гардид.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз кишварҳои пешсаф дар умури сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги он беш аз 50 лоиҳаи калонҳаҷми дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ амалӣ мегарданд.Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла бо ҷалби имконоти васеи минтақаи фарохи Ноҳияи Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид намуданд.Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, минбаъд ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ беш аз пештара рушд хоҳад ёфт.Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла барои расондани кўмакҳои техникӣ ва омода кардани кадрҳои ин соҳаҳо ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.Баъди анҷоми музокироти дуҷониба дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин;Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ;Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан (пули миллии Чин) кўмаки бебозгашти техникӣ расонда мешавад.Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳайати сершумори Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони воломақоми Кумитаи Марказии ҳизби коммунистӣ ва Шўрои давлатии Чин, Вазири амнияти давлатӣ, Вазири кишоварзӣ, Муовини вазири корҳои хориҷӣ, Муовини вазири амнияти ҷамъиятӣ, Муовини вазири савдо, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур ва дигар шахсиятҳои баландпояи давлатӣ шомиланд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 23, 2011 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд