Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Йорг Фриден

Август 27, 2011 14:10

Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриденро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрсола ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари нақшаҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти беҳсозии идораи иқтисоди кишвар, сиёсати молиявӣ, соҳаи энергетика, пуштибонӣ аз соҳибкории хусусӣ ва ғайра зоҳир карда шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз соли равон ҳаҷми кўмакҳои молиявии Бонки ҷаҳонӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон 25% афзуд ва минбаъд ҳар сол барои дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар корҳо 60 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо карда мешавад.Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба рафти корҳо барои асосноксозии иқтисодӣ-техникӣ ва омўзиши таъсири экологӣ – иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун ва ҳамчунин доир ба ташкили бозори минтақавии фурўши нерўи барқ сурат гирифт.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 27, 2011 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад