Мулоқоти М. Убайдуллоев бо Ч. Юнкан
Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 22 август зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати бонуфузи Ҳизби Коммунистии Чин таҳти роҳбарии Чжоу Юнкан — узви Кумитаи доимии Шӯрои сиёсӣ ва котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин дар Душанбе тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки ташрифи ҳайати бонуфузи чиноӣ ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои дӯстонаву гуногунҷабҳа нақши муассир мегузорад.Таъкид сохт, ки кӯмакҳои техникӣ ва интиқолу азхудкунии сармояи Чин дар соҳаҳои нақлиёт, сохтмони роҳҳою нақбҳо ва хатҳои баландшиддати барқӣ далели муносиботи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳо мебошанд. Ҷиҳати тақвияти ин равандҳо, ки яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, афзуд, ки парлумони ҷумҳурӣ барои таъмини фазои ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххасро анҷом дода, бо Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичинии Намояндагони Халқи Чин робитаҳои байнипарлумониро густариш ва таҷрибаи онро пайваста мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад.Раиси Маҷлиси миллӣ ҳамзамон таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани нуфузи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини сулҳу суботи минтақа ва вусъати ҷараёни ҳамгироӣ парлумонҳои мамлакатҳо иқтидори худро бештар равона месозанд.Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев паёми хешро ба Раиси Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумичинии Намояндагони Чин У Банго баён дошта, таъкид намуд, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд миёни ҳар ду кишвар минбаъд низ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






