Мулоқоти О. Оқилов бо Лакшми Венкатачаллам

Август 12, 2011 15:32

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз 12.08.11. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ноиби Президенти Бонки осиёгии рушд хонум Лакшми Венкатачаллам мулоқот кард.Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бахшҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарордошта баррасӣ шуданд.Оқил Оқилов таъкид кард, ки Бонки осиёгии рушд яке аз шарикони асосии мададрасони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар раванди таҳкимбахшии муносибатҳои дуҷониба нақши фаъол дорад.Дар навбати худ хонум Лакшми Венкатачаллам аз раванди муносибатҳои молиявии дуҷониба ва истифодаи босамари маблағҳои барои Тоҷикистон ҷудо намудаи бонк изҳори қаноатмандӣ, карда омодагии хешро баҳри дар оянда афзун намудани ҳаҷми кӯмакҳои молиявию техникӣ баён кард.Хотиррасон бояд кард, ки давоми солҳои муносибатҳои тарафайн Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди Тоҷикистон 372 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок, 284 миллион доллари амрикоӣ грант ва 35 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки техникӣ ҷудо намуда, ғайр аз ин 45 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Барномаи таҳкими идораи захираҳои давлатии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Август 12, 2011 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд