Мулоқоти Талбак Салимов бо сафири Эрон Алиасғари Шердӯст
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 12 август раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҶТ Алиасғари Шердӯст мулоқот анҷом дод.Дар мулоқот раиси Созмони ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷовид Муҳаммадзода ширкат дошт.Зимни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Масъалаҳои асосие, ки дар вазъияти дӯстона муҳокима шуданд, ба такмили ихтисос ва таълими кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, эъмори осорхонаи таъриху табиат дар шаҳри Душанбе дахл доштанд.Ҷониби Эрон тайёр аст, ки вақтҳои наздиктарин ҳуҷҷатҳои марбут ба ин масъалаҳоро имзо намояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






