Мулоқоти З. Зубайдов бо Президенти Покистон
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт. Дар оғози сӯҳбат масъалаҳои марбут ба вазъияти минтақа ва ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон муҳокима шуданд.Осиф Алӣ Зардорӣ аз густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии миёни ду кишвар дар заминаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид сохт, ки ҷониби Покистон ба инкишофи муносибатҳояш бо Тоҷикистон манфиатдор мебошад. Вай изҳор дошт, ки 2 сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок намудан дар мулоқоти чоргонаи Роҳбарони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия ба шаҳри Душанбе сафар мекунад. Президенти Покистон ҳамоиши чоргонаро фурсати хубе барои ҳаллу фасли масъалаҳои минтақавӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард. Дипломати тоҷик ба ҳамсӯҳбати худ оид ба раванди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Покистон маълумот дода, изҳор дошт, ки вақтҳои охир ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон босуръат инкишоф меёбанд. З.Зубайдов зикр намуд, ки фаъолияти соҳибкорону тоҷирони покистонӣ дар Тоҷикистон ривоҷ ёфта, теъдоди онҳо тадриҷан меафзояд. Дар анҷоми сӯҳбат Осиф Алӣ Зардорӣ иброз дошт, ки Покистон барои инкишофи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон манфиатдор буда, дар ин самт мунтазам кӯшиш менамояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






