Муроҷиати шаҳрвандон набояд беҷавоб монад

Август 5, 2011 15:09

Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Муроҷиати шаҳрвандон ҳамчун василаи иштирок дар қабули қарорҳо» таҳти чунин унвон дар Душанбе бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, васоити ахбори омма ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбати мизи гирд баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон /АМВАОМТ/ ва иттиҳодияи ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Маркази инъикос ва тарғиби зидди фасод» созмон дода шуд. Назар ба иттилои Алиакбар Абдуллоев, мудири «Маркази инъикос ва тарғиби зидди фасод», масъалаи муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ роҷеъ ба ҳалли проблемаҳояшон ва мубориза бо коррупсия яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи феълии Тоҷикистон буда, бояд дар ин самт сохторҳои марбута дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Зеро, афзуд Алиакбар Абдуллоев, — дар аксар маврид аз сабаби паст будани сатҳи тафаккури шаҳрвандон ва огоҳӣ надоштан аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ муроҷиати онҳо беҷавоб мемонад. Дар ин самт мебояд маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардошт. Ҳамзамон Сергей Романов, мудири иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва Нуриддин Қаршибоев раиси АМВАОМТ ва дигар иштирокдорон доир ба асосҳои ҳуқуқии муроҷиати шаҳрвандон, шаффоф баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдор дар доираи санадҳои ҳуқуқию меъёрии ҷумҳурӣ, хусусан қонун «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», роҳҳои ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, тақвияти ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масълаи марбута табодули назар карданд.Тамоми пешниҳодоту тавсияҳои дар сӯҳбати мизи гирд ироашуда, ояндаи наздик аз ҷониби АМВАОМТ манзури ҳукумати мамлакат карда мешавад.

Август 5, 2011 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд