Мусоҳибаи сафир бо «Садои Хуросон»
Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Давлаталӣ Ҳотамов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни сӯҳбат бо бахши тоҷикии радиои «Садои Хуросон»-и Эрон» Истиқлолияти Тоҷикистонро неъмати бузург ва ҷашни барои тоҷикон ва тоҷикистониён муқаддас номид. Дипломати тоҷик зимни сӯҳбаташ таъкид кард, ки барои мардуми Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ бо заҳмати зиёд ба даст омадааст, аз ин рӯ мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем. Д.Ҳотамов ҳамчунин ба дастовардҳои 20 соли Тоҷикистон ишора намуда, муваффақиятҳои Тоҷикистонро дар арсаи роҳсозӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, фазои солими амниятӣ, пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қобили ситоиш унвон кард.Мавсуф афзуд, ки ҳамаи музаффариятҳо дар боби ҳамдилию ҳамкории муштараки мардум бо давлат ва пайравӣ аз сиёсати оқилонаи сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.Ба қавли Шоҳмансури Шоҳмирзо, намояндаи фарҳангии Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО, мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар ду бахши барномаи тоҷикии «Садои Хуросон»- дар гуфторҳои субҳгоҳӣ ва шабонгоҳии радио пахш шуд. Бахши тоҷикии «Садои Хуросон» қариб 20 сол аст, ки барои Тоҷикистон барномаҳои мухталиф пахш мекунад ва маркази он дар шаҳри Машҳади Эрон аст. «Садои Хуросон» 6 соат барнома дошта, 3 соаташ субҳгоҳон ва 3 соати дигараш шабонгоҳ пахш мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






