Мусобиқаи тирпарронӣ байни занон
Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусобиқаи тирпарронӣ аз таппончаи тамғаи «Макаров» байни занони корманди агентии мазкур баргузор шуд. Тавре дар маркази матбуоти агентӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқа бештар аз 20 нафар занон аз ҷумлаи ҳайати шахсии агентӣ иштирок намуданд.Мувофиқи суханони манбаъ дар мусобиқа лейтенант Ш.Бобохонова – нозири шӯъбаи умумӣ, капитан М.Ҳусейнова – нозири калони Раёсати амалиёти фаврӣ ва майор М.Норова – муҳосиби шӯъбаи молия ва хоҷагидорӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро касб намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






