Мусодираи 41 кг маводи мухаддир зимни амалиёти муштарак
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 4 амалиёти муштарак, аз ҷумла бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон 3 амалиёт ва бо хадамоти махсуси Федератсияи Русия 1 амалиёт гузарониданд. Дар натиҷаи ин амалиётҳо 41 кг 342 грамм маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуд. Афсарони алоқаи Агентии мазкур бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 12 амалиёти муштарак гузаронида, 130 кг маводи нашъаовар дарёфт намуданд. Зимни ин амалиёт 18 қочоқчӣ дастгир шуда аз онҳо 9 адад силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






