Мусоидати техникӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Август 9, 2011 11:41

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҷиҳати муайян намудани дурнамои талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Комиссияи Аврупо- «Мусоидати техникӣ оид ба Барномаи дастгирии сиёсати секторалии бахши ҳифзи иҷтимоӣ-ҷузъи сиёсати меҳнат» усули пурсиши корфармоёнро таҳия кард.Бобати пиёда намудани ин усул дар се ноҳияи интихобӣ: Темурмалик, Мастчоҳ ва Синои шаҳри Душанбе санҷиши амалии он ба роҳ монда шуд. Ин кор дар таҷриба нахустин буда, ояндаи наздик роҳандозӣ намудани он дар фаъолияти тамоми сохторҳои тобеи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар назар аст.Татбиқи амалии усул имконият фароҳам меорад, ки дурнамои талаботи корфармоён ба қувваи корӣ, ташкили раванди таълими касбӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва сатҳу сифати хизматрасониҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз ҷониби корфармоён низ арзёбӣ гардад.

Август 9, 2011 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад