Намоишгоҳи 13-умини байналхалқӣ дар Остона
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 2 то 4 ноябри соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи 13-умини байналхалқии кишоварзӣ ва саноати хӯроквории «Агропродэкспо»-и Қазоқистон баргузор мегардад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур корхонаҳо ва ширкатҳои маводи ғизоии ҶТ даъват шудаанд. Ширкати намоишгоҳи байналхалқии «Атакент-Экспо» бо дастгирии расмии Вазорати кишоварзии Қазоқистон, Ҳукумати шаҳри Остона таҳти васояти Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои-аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур маҳсуб мешаванд.Ҳадафи баргузории намоишгоҳ ба маърази тамошо гузоштани дастовардҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанию хориҷӣ, таҷҳизот мошинолот ва технологияҳои муосир мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






