Намоиши китобҳои нашриёти «Адиб»

Август 12, 2011 16:56

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» доир гардид.Ин чорабинӣ ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, то 4 сентябр, яъне рӯзи китоб аз ҷониби нашриёти дигар низ идома меёбад. Намоиши китобҳои нашриёти «Адиб» табъи бинандаро шод мегардонад, зеро ҳам сифати китобҳо хубу ҳам шумораи китобҳои хонданӣ хеле зиёданд. Шоирону адибони маъруф зикр намуданд, ки соли ҷорӣ нашри 37 номгӯй китоб аз хазинаи Президент маблағгузорӣ гардид, қисми зиёди онҳо чоп шуда, қисмати дигар дар арафаи нашранд. Ҳамчунин 31 номгӯй китобҳои дигар бо маблағи соҳибкорону шахсони алоҳида чоп хоҳанд шуд. Дар ҷамъомад адибон Абдулҳамиди Самад, Холмурод Шарифов, Абдураҳмони Абдуманон, Гулрухсор, Гулназар, Низом Қосим, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Асадулло Саъдуллоев ва дигарон роҷеъ ба саҳми нашриёти «Адиб» сухан ронда, барои боз ҳам беҳтар шудани сифати китобҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Август 12, 2011 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд