Намояндаи рӯзномаи «EL PAIS» ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Роҳбари бунгоҳи хабарнигории рӯзномаи «EL PAIS» — и чопи Испаниё воқеъ дар шаҳри Маскав хонум Пилар Бонет рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон сафар карданист.Пилар Бонет ин нияташро дар ҷараёни мулоқот бо роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев баён кардааст. Хонум Пилар Бонет дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон ният дорад, ки бо фаъолият бобати танзими муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ шинос шавад.Дар ҳоли хозир якҷоя бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барномаи сафари ӯ ба кишварамон муҳокима ва таҳия карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






