Натиҷаҳои самарабахши коркарди маҳсулот аз орд
Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Корхонаи ҶДММ «Сомон-Турон-Инвест» соли 2010-ум аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба миқдори 1 996 тонна орд ва ба миқдори 9 579 тонна гандум ворид ва аз ин миқдор гандум орди аълосифат истеҳсол намуда, ба бозорҳои ҷумҳурӣ бо нархҳои дастрас ба фурўш баровард.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд. Қобили зикр аст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ вуруди гандум дар корхона 7 720,2 тоннаро ташкил намуда, вуруди орд 1 608 тоннаро ташкил додааст. Истеҳсоли макарон дар соли 2010 373,1 тонна ва дар 6 моҳи соли 2011 192,9 тоннаро ташкил додааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






