Ноҳияи Балҷувон минтақаи истироҳату туризм
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўзи 9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ташриф овард.Дар ин ноҳияи зебоманзари кўҳистони тоҷик Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими мавриди истифода қарор додани бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо тамоми шароити зарурӣ бунёд ёфтааст иштирок кард. Дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Саталмуш бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як чойхонаи зебои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре зикр гардид, чойхонаи мазкур аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и мамлакат барои сокинону меҳмонони Балҷувони дорои таърихи бостонӣ ва табиати биҳиштосо бунёд ёфтааст.Дар саҳни чойхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолон инчунин намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Балҷувон мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.Зимни суханронии Сарвари давлат ва пурсишу посухҳо барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои ноҳияи Балҷувон ва ободонии минбаъдаи ин минтақаи истироҳату туризм супоришҳои мушаххас дода шуд.Дастур дода шуд, ки рафти татбиқи се барномаи давлатӣ, ки барои рушди ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла барои барпо намудани инфрасохтори истироҳату сайёҳӣ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10 соли охир қабул шудаанд, мавриди омўзиш қарор гирифта, нисбат ба сохторҳо ва нафароне, ки вазифаҳои худро иҷро накардаанд, хулосаҳои зарурӣ бароварда шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






