Оғози ҷамъоварии пахта дар Восеъ
Восеъ, 25 август (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Дар ноҳияи Восеъ маъракаи пахтачинӣ оғоз ёфта, кишоварзон талош бар он доранд, ки нақшаи ҷамъоварии ҳосилро сари вақт ва барзиёд иҷро намуда, ба рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гузоранд, гуфт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Сайдаҳмад Сайидов. Ба гуфтаи ӯ айни хол маъракаи ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои Меҳнатобод ва Тугарак оғоз гардида, аз аввали мавсим 470 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. С.Сайидов афзуд, ки дар ноҳия беш аз 700 хоҷагии деҳқонии оилавӣ фаъолият дорад. кишоварзони ноҳия тасмим гирифтанд, ки аз ҳар гектар 22 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






