Оғози тадқиқоти экологӣ

Август 15, 2011 09:27

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, тавассути ҳайати муштараки байналмилалии олимони Тоҷикистон, Нидерландия ва Русия аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 53 навъи тухмии «испаноқ» ҷамъоварӣ ва ба Маркази захираҳои генетикӣ ворид намуданд.Бори аввал дар минтақаи Файзобод дар баландии 1200 метр аз сатҳи баҳр доир ба 358 навъу намунаи коллексияи ҷавҳои селексияи хориҷӣ (ИКАРДА) ва маҳаллӣ тадқиқоти экологӣ оғоз гардид.Тибқи маълумоти манбаъ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ 1650 навъу намунаи гандуму ҷави маҳаллиро барои нигоҳ доштан дар захирагоҳи умумиҷаҳонии Свалборди (СИДА НордГен) –и Шветсия омода кардааст.

Август 15, 2011 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд