О. Оқилов Ч. Юнканро пазируфт

Август 23, 2011 12:14

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо роҳбари ҳайати намояндагони ҳизбӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии мардумии Чин, Узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии Чин, Котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Чжоу Юнкан мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва маорифу фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Аз вохӯриҳои сатҳи баланди зимни сафари ҳайати ҳизбӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон баргузоршуда изҳори қаноатмандӣ гардида таъкид шуд, ки айни замон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар сатҳи муносиб ба роҳ монда шудаанд ва дар ояндаи наздик раванди ҳамкориҳои дуҷониба бахшҳои боз ҳам васеътарро касб хоҳанд кард.

Август 23, 2011 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд