Омӯзонидани кормандони ҳифзи муҳити зист

Август 12, 2011 12:47

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо назардошти муҳимияти бозомӯзии кадрҳои соҳа Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани давраҳои омӯзиширо дар байни кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти кишвар роҳандозӣ намуд. Аз даври омӯзишии навбатӣ масъулини соҳаи назорати захираҳои обии бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб бархурдор гардиданд.Дар ҷараёни даври омӯзишӣ сардори шӯъбаи назорати захираҳои обии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборакшо Кадамов ба иштирокчиён оид ба тағйироту иловаҳо дар қонунгузориҳои ҶТ дар самти истифодаи захираҳои об, Кодекси оби ҶТ, ҳимояи ҳуқуқи кормандони соҳа ҷиҳати масъалагузорӣ ва дахлпазирии дигар ташкилоту идораҳо дар самти таъминот бо об ва истифодаи манбаъҳои об маълумоти саҳеҳ ва дастурҳои муфид пешниҳод намуд.

Август 12, 2011 12:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард