Омодагӣ ба ҷашнҳои фархунда
Душанбе, 8 август (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Мусобиқаи футбол дар байни дастаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ҷамъбаст гардид. Ин тадбир бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии табибон – 18 август ҷараён гирифт. Ин мусобиқа, ки муддати як моҳ идома дошт, баъди ҷамъбаст ҷойи якум насиби дастаи беморхонаи шаҳрии ёрии таъҷилӣ, ҷойи дуввум насиби дастаи марказии ҷумҳуриявии ташхиси судӣ, ҷойи саввум насиби футболбозони Маркази миллии тиббӣ гардид. Ғолибон бо Ҷом, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин дар назар аст, ки бахшида ба ҷашнҳои бузург маҷлиси тантанавӣ доир гардад. Ва теъдоди хеле зиёди кормандони тиб бо унвонҳои Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз хоҳанд шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






