Озмуни дастаҳои ҳаваскори «Ватанпарвар»

Август 9, 2011 13:23

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Зимни сафари ҳайати кории Кумита зери сарварии раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Саиданвар Камолов ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастаи ҳунарии ҳаваскорони «Ватанпарвар» — и созмони мудофиавии ин вилоят бо барномаи рангин ва саршор аз сурудҳои ватанхоҳона ҳунарнамоӣ намуданд. Ба истиқболи ҷашни 85 — солагии таъсисёбии ҷамъияти ватанпарастони кишвар раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Саиданвар Камолов дастур дод, ки озмуни ҷумҳуриявии дастаҳои ҳаваскори тамоми зерсохторҳои ташкилот эълон шуда, дар пойтахт даври ниҳоии он ҷамъбаст гардад. Ҳадаф аз эълони ин озмун таблиғи ормонҳои ватандӯстона тавассути суруду тарона, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва қадрдонии ҳаваскорони асил мебошад.

Август 9, 2011 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад