Озмуни момодояҳо дар Кӯлоб
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Кормандони соҳаи тибби ноҳияи Кӯлоб дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Момодояи беҳтарини сол»-ро гузарониданд, ки барои иштирок дар он ҳамаи момодояҳои ноҳия даъват шудаанд.Менеҷери бахши кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кӯлоб Саид Ҷалолов иттилоъ дод, ки дар ин озмун ҳамаи момодояҳои ноҳия иштирок мекунанд ва савияи донишу касбияти табибон муайян карда мешавад. Ба довталабон 65 савол пешниҳод гардида, довталабе ки ба онҳо ҷавобҳои дуруст медиҳад, ба даври вилоятӣ роҳхат мегирад. Озмуни мазкур рӯзи 17-уми август, яъне рӯзи касбии табибон дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






