Парчами баландтарини ҷаҳон

Август 30, 2011 11:33

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Шоми имрӯз дар майдони шафати Қасри миллат маросими ифтитоҳи иншооти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, ки он мустақиман тавассути кулли шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш дода мешавад.Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин ҷо ба 165 метр бардошта хоҳад шуд ва ин, тибқи иттилои масъулин, баландии рекордӣ дар ҷаҳон аст. Дарозӣ ва паҳноии парчам мутаносибан 30 бар 60 метр буда, сутуни он аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Тридент Саппот» (Trident Support) бунёд шудааст.Тавре ба хабарнигори АМИТ Ховар иттилоъ доданд, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли миллӣ дар пойтахт ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бузургтарин Корхонаи тавлидоти кабел, Боғи миллӣ, якчанд касрҳои варзишӣ, бинои баландтарини ҷумҳурӣ, ки аз 20 ошёна иборат аст, инчунин чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва мактабҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Август 30, 2011 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад