Парлумон лоиҳаи қонуни авфро баррасӣ намуд

Август 15, 2011 16:39

Душанбе, 15 август.(АМИТ»Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 15 август таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуд.Зикр шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур, бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аз ҷониби давлат авф намудани маҳбусон ва дигар шахсони ҷиноят содирнамуда ба ифтихори 20 –умин солагарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.Амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв», пеш аз ҳама, он шахсонеро фаро мегирад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи саломатӣ ва рафъи хавфнокии ҷинояти содиршуда ба авфи гуноҳ эҳтиёҷ доранд.Қонуни мазкур аз 29 модда иборат буда, дар он гурӯҳи шахсоне, ки нисбат ба онҳо афв татбиқ мегардад, тартиб ва мӯҳлати иҷрои санади зикргардида, мақомоти иҷрокунандаи ин санад, инчунин ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба татбиқи Қонуни мазкур алоқаманданд, пешбинӣ гардидааст.Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» амали инсондӯстона буда, ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноят содирнамуда мусоидат менамояд.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» ба меъёрҳои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад.

Август 15, 2011 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд