Пешбурди тарбияи ҳарбӣ — ватанхоҳӣ

Август 9, 2011 14:48

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар муқоиса бо созмони мудофиавии вилояти Суғд дар нимаи аввали соли 2011 созмони мудофиавии вилояти Хатлон нишондодҳои молиявии худро афзоиш дод. Бар замми ин, дар самти иҷрои фаъолияти тарғиботӣ — маърифатӣ, ташкили чорабиниҳои оммавӣ — мудофиавӣ кумитаҳои шаҳрию ноҳиявии вилояти Хатлон фаъолияти худро дар асоси нақша роҳандозӣ карда, шаклу шеваҳои муассир ва натиҷабахши пешбурди тарбияи ҳарбӣ — ватанхоҳиро корбаст намуданд, ки аз зумраи он баргузории озмуни анъанавии «Рӯзномаи девории беҳтарин» ва ташкили рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ мебошад, ки зимни он мактабиёни синни тодаъватӣ бо шароити будубоши низомии сарбозон ошно шуда, барои хизмат дар сафи артиш омодаву озмуда мегарданд.Инчунин дар вилояти Хатлон созмонҳои мудофиавӣ ба ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, минҷумла бунёди боғ ва кишти зироати ғаллаву пахта афзалияти зиёд медиҳанд. Иқтидору имконоти истифоданашуда дар ин вилоят бисёранд, ки истифодаи самарабахши онҳо натиҷаи дилхоҳ ва қонеъкунанда ба бор хоҳад овард.

Август 9, 2011 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш