Пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Кормандони Раёсати минтақавии ҳуқуқвайронкунии гумрукии вилояти Суғд вуруди ғайриқонунии телефонҳои мобилиро ошкор намуданд.Аз шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони гумрук ҳангоми гузаронидани рейди навбатӣ дар роҳи нақлиёти Спитамен-Истаравшан автомашинаи «Опел –Вектра», таҳти ронандагии шаҳрванд Раҳим Умматов, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитаменро боздошт намуданд. Ҳангоми аз муоинаи гумрукӣ гузаронидани автомашинаи мазкур аз дохили он 240 адад телефонҳои мобилӣ, 7 адад монитор ва 400 адад асбобҳои заряддиҳии телефонҳо дарёфт ва мусодира шуд.Раҳим Умматов ин миқдор телефонҳои мобилиро аз Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷи гумрукӣ ворид кардааст. Барои вайрон намудани қонунгузории гумрукӣ нисбат ба Р. Умматов бо моддаи 597 -и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, баррасии он давом дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






