Пешгирии бӯҳрони иқтисодӣ
Душанбе, 23 август, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар заминҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ, ки ҳосили зироатҳояшон ҷамъоварӣ шудааст. Дар масоҳати 59 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки он баробари 50 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Ба иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон дар масоҳати беш аз 10 ҳазор гектар, вилояти Суғд дар майдони 3 ҳазор гектар ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд, ноҳияи Рӯдакӣ дар 1000 га. ноҳияи Ваҳдат дар 2 ҳазор га ва дар ноҳияи Турсунзода дар масоҳати 500 гектар кишт гузаронида шудааст.Дар назар аст, ки соли ҷорӣ дар майдони 60 ҳазору 334 га кишти такрории зироатҳои ғалладонагӣ (мош, лӯбиё шолӣ), дар масоҳати 25 ҳазору 758 га ҷуворимакка барои дон, дар майдони 3 ҳазору 208 га зироатҳои техникӣ, дар масоҳати 17 ҳазору 819 га сабзавот ва дар масоҳати 3 ҳазору 465 га зироатҳои полезӣ гузаронида шавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар шароити ҷумҳурии мо, ки дар як сол аз замини он то се ҳосил бардоштан мумкин аст, пешгирӣ гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






