Пешгирии фазои коррупсионӣ

Август 12, 2011 09:41

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои зидди коррупсионӣ, кормандони агентии мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма 240 маротиба гузориш додаанд.Ба иттилои манбаъ, кормандони раёсату шӯъбаҳо дар матбуоти даврӣ 170 хабару мақолаҳоро ба табъ расонида, 70 маротиба бо андешаю ақидаҳои худ дар телевизиону радио баён намудаанд. Дар давоми 7 моҳ зиёда аз 6 маротиба мизи мудаввар ва 12 машғулият (семинар)- у конфронс гузаронида шудааст. Дар ин давра 935 аризаю шикоят бевосита аз ҷониби кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 260 адади он аз рӯи тобеият ба дигар мақомот ирсол гардида, 92 аризаю шикоят дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.

Август 12, 2011 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд