Пеши роҳи қочоқчиёни сангҳои қимматбаҳо гирифта шуд

Август 25, 2011 15:32

Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе пеши роҳи қочоқгарони сангҳои қимматбаҳоро гирифтанд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ доданд, 24 август зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯии кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо гумони интиқоли ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо сокини 30 солаи пойтахт дастгир шуд.Тибқи суханони манбаъ ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 142 дона ёқут ва зумради табиӣ дар вазни умумӣ 94,48 гр дарёфт гардид.Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Август 25, 2011 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад