Пешниҳоди маҳсулоти арзон дар Рамазон
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз оғози моҳи шарифи Рамазон ҳар ҳафта бо иқдоми раиси вилоят дар миқёси вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатии вилоят баргузор гардида истодааст.Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», маҳаллаҳо 12 –ум ва 20 – уми шаҳри Хуҷанд, шаҳрҳои Чкалов, Табошар ва Қайроққум ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» 114,2 тонна, маҳаллаи 20 –ум 89,5 тонна, маҳаллаи 12 –ум 50,8 тонна, шаҳри Чкалов 53,9 тонна, Табошар 29 тонна ва Қайроққум 43,3 тонна, дар маҷмӯъ 380,7 тонна маҳсулоти хушсифат, нисбат ба нархи миёнаи бозори шаҳри Хуҷанд 20 -30% арзон ба аҳолӣ фурӯхта шуд.Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка ҳамчунин КВД «Захираҳои моддии вилояти Суғд» 5,3 тонна ва Иттифоқи матлуботи шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 60 тонна маҳсулоти ниёзи мардумро пешкаши аҳолӣ намуданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






