Пешрафт дар соҳаи маорифи Рашт
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Рашт дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ соҳаи маорифи ноҳия низ хеле пеш рафт.Солҳои охир танҳо аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон 14 мактаб ва 41 синфхонаи иловагӣ ва тавассути буҷети мутамарказонидашудаи ҷумҳурӣ 18 мактаб ба маблағи қариб 8 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.Ҳамзамон 23 мактаб аз таъмир бароварда шуда, сохтмони толори варзишӣ дар назди мактаби рақами 30 ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва хобгоҳи интернати наздимактабии дорои 20 ҳуҷра анҷом дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои зикршуда, яъне сохтмони мактабу синфхонаҳо ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти хониш ва техникаву технологияҳои замонавӣ сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва интихоби касбу ҳунар дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия торафт беҳтар шуда истодааст.Ҳоло тибқи квотаи Президентӣ аз ноҳия 139 нафар, аз ҷумла 77 нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил карда истодаанд ва умед ҳаст, ки онҳо баъди гирифтани маълумоти олӣ ба зодгоҳи худ баргашта, чароғи илму донишро ҳамеша фурўзон нигоҳ медоранд ва дар ободиву пешрафти ноҳия саҳми арзанда мегузоранд. Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла барои баланд бардоштани маоши онҳо мунтазам ғамхорӣ мекунад.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






