Пирӯзии навбатии десантчиёни ҷавон

Август 9, 2011 13:01

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Клуби «Десантчиёни ҷавон» — и Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа дастовардҳои варзишии худро, ки дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ зери сарпарастии мураббии ботаҷриба Аскар Кароматов ба даст овардаанд, торафт ғанӣ месозад. Дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба каратэ – кёкушинкай, ки дар ҳамсоякишвари Қирғизистон доир шуд, варзишгарони клуб Қурбонзода Муслим, Даврон Сулаймонов, Сиёвуш Асламшоев, Сироҷиддин Ҷалилов, Сиёвуш Амонов, Сӯҳроб Назаров ва Файзулло Кароматов мақоми аввалро соҳиб гардида, медали тилло ба даст оварданд. Парвиз Арабов, Амирҷон Султонов ва Парвиз Кароматов ҷойҳои дуюмро ишғол карданд. Меҳроҷиддин Ҷалилов сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат варзиданд.Инчунин Юлдошев Давронбек дар Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ, ки дар ибтидои моҳи июли соли равон дар шаҳри Сочи доир шуд, мақоми дуюмро ишғол намуд.

Август 9, 2011 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд