«Пойизи сабз»-тӯҳфа аз «Адиб»
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Нашриёти «Адиб» бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маҷмӯаро нашр намуд.Аз ҷумла, маҷмӯаи нави шоири халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Маъмур таҳти унвони «Пойизи сабз», ки онро интишороти «Адиб» бо сифати баланд ба табъ расонидааст.Дар китоб чаҳорпора, ғазал, қитъа, рубоӣ ва намунаҳои шеъри сапеди дар зарфи чаҳор соли охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст.Шоир меваҳои пойизии боғи умри худро, ки шеърҳои ӯ мебошанд, пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гардонидааст.Китоб бо пешгуфтори доктор Алиасғари Шеърдӯст оғоз ёфта бо тарҷумаи ҳафт шеъри классики адабиёти туркман Махдумқулӣ анҷом пазируфтааст.«Пойизи сабз» тӯҳфаи шоир ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Мунтахаботи Ғоиб Сафарзода, ки аз тариқи нашриёти мазкур ба дасти чоп расидааст, осори насрии ӯро дар бар мегирад. Ин китоб бо тавзеҳоти ҷанбаи илмӣ дошта пурра карда шудааст. Китоб аз сарсухани Шоҳҳайдар Ёдгорӣ ва бобҳои «Маданият, забон ва адабиёт», «Лавҳаю очерк ва сафарномаҳо» ва «Тавзеҳот» иборат мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






