Полези Қарағоч
Кӯлоб, 6 август (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ду – се ҳосил аз заминҳои корами обӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар дар мамлакат аст. Новобаста ба гармии ҳаво ва нарасидани оби ирригатсионӣ дар баъзе минтақаҳо нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ хуб буда, баъди ҷамъоварии ҳосили якум кишоварзон кишти такрорӣ гузаронида истодаанд. Дар минтақаи Кӯлоб баробари заминҳои корами обӣ аз заминҳои лалмӣ низ самаранок истифода мебаранд. Соли ҷорӣ сокинони навоҳии кӯҳистони мамлакат на танҳо дар заминҳои ҳамвор, инчунин дар талу теппаҳо кишти ғалла ва растаниҳои равғанидиҳандаро ба роҳ монда, ҳосили онро ҷамъоварӣ намуданд. Хусусан сокинони деҳаи Қарағочи ҷамоати деҳоти Тӯгараки ноҳияи Восеъ аз истифодаи самараноки талу теппаҳо соли гузашта фоидаи хуб ба даст оварданд. Кишоварзони мавзеи мазкур ҳамасола кишти полезии лалмӣ мегузаронанд ва дар мавсими тирамоҳ бозорҳои минтақаи Кӯлобро бо маҳсулоти хушсифату хуштаъм таъмин менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






