Президенти Покистон ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Оламгир Бобур дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима намуданд. З. Зубайдов А. Бобурро барои ба ин мақом тайин шуданаш табрик намуда, изҳор намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамаи соҳаҳо вусъат меёбанд. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин мавзӯи мулоқоти қарибулвуқӯи чоргонаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия, ки аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баррасӣ шуд. Дар робита ба ин А. Бобур иттилоъ дод, ки ҷониби Покистон иштироки Президенти ин кишварро дар мулоқоти навбатӣ ба таври расмӣ тасдиқ намуд. Дипломати тоҷик зикр намуд, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад ва Сафорати Тоҷикистон дар Покистон ин чорабиниро дар шаҳри Исломод ба таври васеъ ҷашн мегирад. Барои таҷлили ин ид аллакай бисёр ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар, тоҷирон, олимону адибон, хабарнигорон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Исломобод даъват шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






