Рӯ ба болоравӣ овардани истеҳсолоти саноатӣ
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар давоми моҳҳои январ – июли соли 2011 ба 2 млрд. 398,3 млн. сомонӣ расонида шудааст. Аз он 1 млрд. 103,1 млн. сомониаш маҳсулоти хӯрокворӣ дар якҷоягӣ бо нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва тамоку, 396,4 млн. сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, 14, 2 миллионашро истеҳсоли маснуоти аз чӯб тайёршуда, 201,3 млн. маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ ва 47,7 миллионаш истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ мебошад.Бино ба маълумоти манбаъ, дар моҳҳои январ – июли соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 3,4 фоиз, маҳсулоти аз ҳисоби гӯшт истеҳсолшуда 5,8 фоиз, маҳсулоти ширӣ 33,1 фоиз, яхмос – 16,3, маснуоти қаннодӣ — 10, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ — 18,5 ва маҳсулоти консервашуда 4,3 фоиз афзудааст.Болоравии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриде рӯ ба афзоиш дорад, ки ҷаҳон ба даври дуюми бӯҳрони иқтисодӣ гирифтор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






