Рӯзи ягонаи ахбор дар Суғд

Август 30, 2011 12:04

Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба ҷашни 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд дар мавзӯи «20 — соли Истиқлолият – 20 соли дастовардҳо» Рӯзи ягонаи ахбор гузаронида шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи нақша дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, олимону устодони мактабҳои олии вилоят, намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мардум мулоқот доир намуданд. Ҳамчунин, дар мулоқоту вохӯриҳо оид ба се самти асосии стратегияи давлатӣ, аз ҷумла аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳарф зада, бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуданд.

Август 30, 2011 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард