Рағбати ҷавондухтарон ба тиб
Хоруғ, 1 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишоҳ Додоев). – Тибқи иттилои расмӣ аллакай беш аз 350 нафар довталабон ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ ҳуҷҷат супоридаанд. То охири моҳ теъдоди довталабон ба 500 нафар хоҳад расид. Ба гуфти Сомон Назиров – директори омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ, тибқи нақша соли ҷорӣ 90 нафар ба омӯзишгоҳ қабул гардида, аз ҷумла, 60 нафарашон шомили бахши шартномавӣ мегарданд.Соли 2010 – ум 110 нафар омӯзишгоҳро хатм карда буданд. Умуман ағлаби хатмкардаҳои омӯзишгоҳ шомили донишгоҳҳои тиббӣ мегарданд. Коршиносон сабаби солҳои охир ба тиб дил бастани духтаронро дар сердаромадии ин касб мебинанд. Ба камбудии маошашон нигоҳ накарда, онҳо даромади хубе доранд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






