Рафъи оқибати офати табиӣ

Август 3, 2011 10:59

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 2-юми августи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи кориро Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода пазироӣ намуд. Гурӯҳи корӣ мавзеи аз маҳалли офати табиӣ зарардидаро дар деҳаи Рарзи ноҳия боздид кард.Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ситоди рафъи оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Саридораи «Геология», раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ, муовини вазири хоҷагии об ва мелиоратсияи ҷумҳурӣ, масъулини як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.Оқил Оқилов ба масъулин ҷиҳати сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, барқарор кардани роҳҳои харобшуда, кушодани маҷрои дарёи Зарафшон, ки дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора халалдор гардидааст ва бунёди кӯпруки мошингузар дастуру супоришҳо дод.Бояд гуфт, ки 26 июли соли равон дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора дар роҳи мошингарди Айнӣ — Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 4 километр роҳ вайрон гардида, мардуми ду ҷамоати деҳаи ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз истифодаи роҳ маҳрум гаштанд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ 3 гектар боғ, 2 гектар замини кишт зарар дидааст. Ҳаҷми умумии зарар, бинобар тахмини мутахассисон, беш аз 520 ҳазор сомонӣ мебошад. Ҳисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд баъд аз гузаронидани ситоди корӣ бо мардуми деҳаи Рарз мулоқоти самимӣ ороста, аҳли мардуми ин марзи баландкӯҳро бо ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Август 3, 2011 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд