Рашт обод мешавад
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Дар зарфи солҳои истиқлолият давлат ва Ҳукумати мамлакат ба барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рашт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд, ки дар натиҷа ин гӯшаи Ватанамон имрӯз ба як диёри ободу зебо табдил ёфтааст.Бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дар баробари ба даст овардани сулҳу суботи ҷомеа бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар давоми солҳои 1998-2000-ум ба маблағи беш аз 37 миллион сомонӣ дар 5 ноҳияи Рашт 317 иншоот бунёд карда шуд. Ҳамин тавр, тавассути татбиқи лоиҳаи барқарорсозии ноҳия бо сарфи зиёда аз 6 миллион сомонӣ 66 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои маорифу тандурустӣ, пулу роҳҳо ва шабакаҳои нақлиётӣ ба истифода дода шуданд.Давоми солҳои 1995 – 2010 ва ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои тараққиёти ноҳия 340 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки он барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, таҷдиди роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия сарф гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби Фонди Президент ва Ҳукумати мамлакат қариб 18 миллион сомонӣ ва маблағҳои мақсаднок зиёда аз 60 миллион сомонӣ барои пардохти хароҷоти буҷети ноҳия ва тараққиёти он равона шудаанд.Илова бар ин, барои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва нигоҳдории роҳҳо дар қаламрави ноҳия, инчунин аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои сохтмони иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ноҳия 56 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти нафақаи нафақахӯрони ноҳияи Рашт ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ кӯмаки молиявӣ ҷудо гардидааст.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






