«Равшан» чӣ тӯҳфа гирифт ?
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб баъди ғалабаҳои пайи ҳам дар мусобиқоти лигаи олии футболи тоҷик дар байни мухлисони худ маҳбубияти хосса касб намуд. Ин буд, ки ҳангоми сафари кории хеш ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати дастаи мазкур мулоқот намуда, ба онҳо дар бозиҳои оянда муваффақият таманно кард. Президент ба дастаи «Равшан» як автобус тӯҳфа намуд, ки то рӯзи ҷашн ба шаҳри Кӯлоб оварда мешавад. Хотиррасон менамоем, ки дастаи «Равшан» дар мусобиқоти лигаи олии футболи тоҷик дар зинаи боло қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






