Роҳҳо таъмир меёбанд
Кӯлоб, 22 август (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб» ба таъмир ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард шурӯъ карда, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 2 334,5 км роҳҳои автомобилгарди асосиро аз таъмири ҷорӣ баровард, — гуфт сардори муассисаи мазкур Сафаралӣ Абдуллоев. Вазорати нақлиёт дар 7 моҳи соли ҷорӣ барои ин муассиса 7 миллион сомонӣ ҷудо намуд, ки он барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо сарф шуд. Кормандони муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақа тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ 9 адад пулҳои садамавиро бо қувваи худи муассиса аз ҳисоби маблағҳои нигаҳдории роҳҳо таъмир намуда, роҳҳои минтақаро дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доранд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






