Роҳбарони идораҳои зиддиинҳисории ИДМ дар Алмаато ҷамъ мешаванд
Душанбе, 16 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Моҳи октябри соли равон дар шаҳри Алмаато маҷлиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории мамлакатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад.Дар ин бора дар сомонаи Агентии ҳифзи рақобати Қазоқистон хабар дода мешавад. Дар он зикр мешавад, ки соли 2011 аз рӯзи таъсис ёфтани мақомоти зиддиинҳисории Қазоқистон 20 сол сипарӣ мегардад. Дар робита бо ин, моҳи октябри соли равон бояд дар шаҳри Алмаато маҷлиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардад.Дар маҷлис роҳбарони идораҳои зиддиинҳисории кишварҳои аъзои ин созмон, бархе мамлакатҳои Аврупо, ҳамчунин намояндагони аҳли тиҷорати Қазоқистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






