Роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа -Дӯстӣ ба истифода дода мешавад

Август 24, 2011 16:40

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тибқи нақша таҷдиди пурраи роҳи автомобилгарди «Қурғонтеппа-Дӯстӣ» то охири соли ҷорӣ бояд ба анҷом расад. Дар иншооти мазкур аллакай 90% корҳо ба анҷом расидаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  Тибқи суханони манбаъ дар роҳи мошингарди «Қурғонтеппа-Дӯстӣ», ки таҷдиди он соли 2009 оғоз гардида буд, мутахассисон ба марҳилаи анҷомёбӣ — қирпӯшкунии роҳ оғоз намуданд. Баъди ба анҷомрасии қирпӯшкунӣ барқароркунии нишонаҳои роҳ оғоз мегардад. Масофаи умумии роҳи автомобилгард 42 километр мебошад. Маблағи лоиҳа 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар асоси кӯмаки бебозгашт ҷудо гардидааст.«Баъди ба истифода додани роҳ мутобиқи созишномаи ба имзо расидаи Вазорати нақлиёти ҶТ ва пудратчии генералии ширкати ҷопонии Dai Nipon ва Nipo corporation дар муддати кафолатӣ (як сол) роҳи мошингард ба пудратчии генералӣ хизмат менамояд” , — илова намуданд дар Вазорати нақлиёти ҶТ.

Август 24, 2011 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад