Роҳсози Кӯлоб
Кӯлоб, 6 август. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Кормандони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб аз оғози сол техникаи дар ихтиёр доштаро аз таъмир бароварда, миқдори зарурии битум ва дигар масолеҳи роҳсозиро захира намуданд. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ роҳсозон 80 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 150 км аҳамияти минтақавидоштаро аз таъмир бароварданд. Айни замон дар роҳҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб тармимкорӣ ҷараён дорад. Дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр қирпӯш кардани 1500 метр роҳ ба итмом расидааст. Бояд қайд кард, ки дар Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои Кӯлоб 50 нафар коргарон кор мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






