Робин Орд-Смит- сафири ояндаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон
Душанбе, 5 август. (АМИТ Ховар, Лутфия Эшонқулова).-Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон эълом медорад, ки Робин Ҷереми Орд-Смит ба ҳайси сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин гардид ва ӯ дар ин вазифа Тревор Чарлз Мурро, ки барои хизмат ба хадамоти дипломатии кишвар бармегардад, иваз хоҳад кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз сафорати мазкур хабар доданд, Робин Орд-Смит соли 1989 фаъолияти хешро дар Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оғоз намуд ва дар тӯли фаъолият дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он, аз ҷумла дар Ҷопон, Малайзия, Руминия ва Алҷазоир хизмат намудааст. Робин Орд-Смит ҳамчунин дар сохтори хусусӣ ба ҳайси менеҷер оид ба маркетинг дар ширкати BAE SYSTEMS дар Ҷопон, дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва то рӯзҳои наздик дар Қасри Букингем ҳамчун ёвари шоҳзода- Герсоги Йорк хизмат кардааст. Ҳоло ӯ ба ҳайси Директори Раёсати Британияи Кабир оид ба савдо ва сармоягузорӣ дар Ироқ хизмат мекунад. Бино ба иттилои манбаъ, Орд-Смит оид ба таъиноти худ изҳор намуд, ки «Ман ҳам шарафманд ва ҳам хурсандам, ки намояндагии Маликаи Британияи Кабирро дар Тоҷикистон муаррифӣ менамоям. Ман кӯшиш мекунам, ки дастовардҳои ҷаноби Тревор Мурро таҳким бахшида, рушди минбаъдаи Британияи Кабир, субот ва васеъ гаштани манфиатҳои сиёсии барои ҳарду ҷониб муфидро идома диҳам. Ман ҳамчунин омода ҳастам, ки муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни ду кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намоям.» Дар назар аст, ки ҷаноби Орд- Смит моҳи марти соли 2012 ба Тоҷикистон меояд.








«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд






